Tajik | Забони тоҷикӣ

Ассалому алайкум!

Мо аз таваҷҷуҳи шумо нисбат ба ин тадқиқот шодем. Мо медонем, ки ин як рӯзи душвор барои ҳамагон аст, ки бисёре аз имкониятҳои шахсии моро маҳдуд месозад. Ин на танҳо ба вазъи саломатии умум, балки ба гурӯҳҳои осебпазир низ таъсири манфии худро мерасонад. Мо дар назар дорем. ки хизматрасониҳои тиббӣ ба шахсони трансгендер, ин як қисми бузургӣ тадқиқот мебошад.

Чаро махз ин тадқиқот?
COVID-19 ин бемории сироятиест, ки ба роҳҳои нафас таъсири худро мерасонад. Дар натиҷа коронавируси SARS-CoV-2 ба вуҷуд меояд. Пандемияи кунунии COVID-19 барои системаҳои тандурустии тамоми ҷаҳон мушкилоти нав ва бузургро ба бор меорад. Ин ба маҳдудиятҳои оммавӣ дар расонидани хизматрасонихои тиббӣ сабабгор шудааст. Ин беморӣ таъсирӣ манфии худро ба шахсони трансгендер, ки ба дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ қабл аз пандемияи COVID-19 маҳдудият доштанд, баъдтар мекунанд. Ғайр аз ин, омӯзиш ва муқоисаи тадқиқоти пандемияҳои қаблӣ (Леунг ва дигар, 2009) ва пандемияи COVID-19 (Ванг ва дигарон, 2020) аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ (Ли ва дигарон, 2020) нишон медиҳад, ки чунин ҳодисаҳо ба солимии равонии аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир таъсири манфии худро мерасонад. То ба имрӯз, таъсири пандемияи COVID-19 ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳам ба саломатии одамони трансгендер, танҳо дар асоси иттилооти носаҳеҳ, масалан, блогҳо, ҳисоботҳо ё гузоришҳои инфиродӣ баҳо дода шудааст (Loggins, 2020). Натиҷаҳои ҳисоботҳои дар боло зикр гардида танҳо ишораест барои таъсири манфӣ ба трансгендерон, дар натиҷаи маҳдудият доштан ба кӯмаки тиббӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ аз сабаби пандемияи COVID-19. Бо ин тадқиқот, мо мехоҳем аз Шумо фаҳмем, ки чӣ гуна COVID-19 ба шахсияти шумо таъсир мерасонад ва ба саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии шумо чӣ гуна паёмадҳо дорад.
Тадқиқот чӣ мепурсад?
Дар ин тадқиқот як қатор саволҳо дар бораи худ, вазъи ҳозираи зиндагӣ, ниёзҳои нигоҳубини Шумо ва саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии шумо мавҷуданд. Баъзе саволҳо якчанд интихобро доро мебошанд ва шумо имкон доред маълумотҳои зарурии худро ба матни иловагие, ки ба шумо дастрас аст ворид намоед. Лутфан аз имконияти ба мо навиштан истифода баред! Иштирок дар тадқиқот комилан ихтиёрӣ ва беном аст. Шумо метавонед иштироки худро дар раванди тадқиқот бе сабаб ва бе ягон камбудӣ бекор кунед. Иштирок дар тадқиқот набояд бо сабаби хатар ба вазъи саломатии Шумо алоқаманд бошад. Аз Шумо танҳо хоҳиш карда мешавад, ки оид ба таҷрибаи шахсиатон доир ба пандемияи COVID-19 гузориш диҳед. Иштирок барои шумо ройгон аст. Мутаъсифона, мо барои хароҷоти шумо ҳеҷ гуна ҷуброн пардохт карда наметавонем. Тамоми маълумотҳои ҷамъ овардашуда ба таври махфӣ коркард карда мешавад ва танҳо бо мақсади илмӣ истифода мешаванд. Барои посух додан ба саволнома тақрибан 20 дақиқа вақт лозим мешавад.
Дар ин тадқиқот киҳо иштирок карда метавонанд?
Мо гетерогении аҳолии трансгендерҳоро дарк мекунем ва бо ин тадқиқот барои ҳар касе, ки худро ҳамчун трансгендер қабул намудааст, таҷриба мекунад ва / ё тавсиф мекунад, имконият фароҳам овардем, ки дар ин таҳқиқот иштирок номояд, агар онҳо ба синни 18+сола расида бошанд. Мо истилоҳи трансро дар инҷо ҳамчун истилоҳи умуми истифода мебарем, ки бисёр истилоҳҳои дигарро дарбар мегирад, аз қабили трансгендерҳо, ҷудонашаванда, дархости гендерӣ, гендерҳои номувофиқ, транс -мардҳо ,транс-занҳо ва дигарон. Шумо метавонед дар раванди тадқиқот аз кадом гуруҳи гендерӣ будани худро интихоб намоед.
Гурӯҳи тадқиқотӣ кист ва оё иҷозаи этикӣ дорад?
Гурӯҳи тадқиқотӣ аз Андреас Кёлер ва Тимо Нидер аз Маркази тиббии Донишгоҳи Гамбург-Эппендорф, Олмон ва Ҷоз Мотман аз Донишгоҳи Гент, Белгия иборат мебошад. Ба гурӯҳи лоиҳа доктор Карен Бадалян, директори иҷроияи Шабакаи саломатии аҳолии Евразия дохил мешавад Мутаасифона барои ин тадқиқот маблағгузорӣ нашудааст. Тадқиқот аз ҷониби Кумитаи маҳаллии этикии равонӣ (LPEK) дар Маркази тибби психологию иҷтимоӣ, Маркази тиббии донишгоҳии Гамбург-Эппендорф (№: LPEK-0130, Сана: 01.04.2020) тасдиқи этикӣ гирифтааст.
Чӣ гуна одамони транс ба ин тадқоқот ҷалб карда шуданд?
Қисме аз аъзоёни тадқиқот худро ҳамчун шахсони трансгендер муайян намудаанд. Саволномаи тадқиқот аз ҷониби ташкилотҳои Transgender Europe, Eurasian Key Populations Health Network, FtM Phoenix Group, Bundesverband Trans*, Equal Opportunities омода карда шудааст.
Натиҷаҳои тадқиқот
Азбаски мо таъсири пандемияи COVID-19 ба тандурустӣ ва ва ҳифзи саломатии трансгендерон як масъалаи ҳассос мешуморем, мо натиҷаҳои пешакии тадқиқотро, аллалхусус сатҳи давлатиро таҳлил хоҳем кард. Мо дар асоси натиҷаҳои пешакӣ ба созмонҳои маҳаллӣ ва ҳам ба кормандони соҳаи тандурустӣ маълумот пешниҳод хоҳем кард ва умедворем, ки онҳо дар бораи эҳтиёҷоти одамони ба ин пандемияи COVID-19 гирифташуда маълумот хоҳанд гирифт. Пас аз анҷом ёфтани пурсиши онлайнӣ, натиҷаҳои ниҳоӣ бори дигар ба ташкилотҳои трансгендерӣ, ки дар тадқиқот ширкат варзиданд дастрас карда мешаванд. Ҳамчунон натиҷаҳоа дар маҷаллаҳои илмӣ, бо дастрасӣ озод ва кушодаасос нашр карда мешаванд.